Тоҷикӣ
English
Azərbaycan
Shqiptare
Հայերեն
Български
ქართული
қазақ
Кыргызча
Македонски
Румынский
Монгол
Русский
Српски
Slovenščina
Тоҷикӣ
Türk
Türkmenler
o'zbek
Українська
Hrvatski
MUK
  • Кишварҳо
    al.pngАлбанияam.svgАрманистонaz.svgОзарбойҷонbg.pngBulgariahu.pngВенгрияhr.pngХорватияge.svgГурҷистонkz.pngҚазоқистонkg.pngҚирғизистонmk.pngNorth Macedoniamd.pngМолдоваmn.pngМуғулистонae.pngUnited Arab Emiratesrs.pngСербияsi.pngСловенияtj.pngТоҷикистонtr.svgТуркияtm.pngТуркманистонua.pngУкраинаuz.svgУзбекистон
  • Қарорҳо
    Вендорҳои МУКҚарорҳои МУККаталоги маҳсулот ва хизматрасониҳо
  • Ахбор
    Хабарҳо ва аҳдҳоМаҷаллаи МУКВидео
  • Соҳаҳо
    IT дистрибутсияМаркази таълимӣМаркази хизматрасонӣХизматрасониҳои облакавии MUK Cloud
  • Дар бораи ширкат
    Маълумоти асосӣ дар бораи MUKПрофили корпоративӣҶойҳои холии корӣ
  • Бахши фурушандагон
    al.pngАлбанияam.svgАрманистонaz.svgОзарбойҷонbg.pngBulgariahr.pngХорватияge.svgГурҷистонkz.pngҚазоқистонkg.pngҚирғизистонmk.pngNorth Macedoniamd.pngМолдоваmn.pngМуғулистонae.pngUnited Arab Emiratesrs.pngСербияsi.pngСловенияtj.pngТоҷикистонtr.svgТуркияtm.pngТуркманистонua.pngУкраинаuz.svgУзбекистон

Самаранокии насли нав: Oracle Exadata X11M

Ахбор

2025-02-14

Ширкати Oracle насли нави платформаи Oracle Exadata – Exadata X11M-ро муаррифӣ кард, ки барои иҷрои кори ҳассос бо самаранокии баланд ва сарфаи нерӯи барқ тарҳрезӣ шудааст.

Меъмории пешрафтаи зеҳнии додаҳо дар Exadata X11M иҷрои ҷустуҷӯи вектории асосёфта ба AI-ро то 55 % тезтар, паҳнои маҷрои таҳлили додаҳоро 2,2 маротиба бештар ва коркарди муомилотро 25 % зудтар менамояд. Ҳамзамон, нархи Exadata X11M дар сатҳи насли қаблӣ нигоҳ дошта шуда, вале самаранокии онро дар соҳаҳои AI, таҳлил ва коркарди онлайнӣ (OLTP) ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Идоракунии интеллектуалии нерӯ, ки ба иҷрои кори муҳим дар миқёси камтар ва бо самаранокии баландтар имкон медиҳад, ба мизоҷон барои ноил шудан ба самаранокии максималии энергетикӣ ва мутобиқати экологӣ мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, ҳамон имкониятҳо дар муҳитҳои абрии ҷамъиятӣ, бисёр-абрӣ (multi-cloud) ва маҳаллӣ дастрасанд, ки мутобиқати беихтиёронаи барномаҳо-ро дар ҳама муҳитҳо таъмин менамояд.

Exadata X11M барои протсессорҳои насли нави AMD EPYC мутобиқ гардида, дар муқоиса бо системаҳои рақиб дар идоракунии пойгоҳи додаҳо пешрафти назаррас дорад. Баландшавии нишондиҳандаҳо дар ҳама намуди сарбориҳо дида мешавад, аз ҷумла: ҷустуҷӯи вектории тезтар барои алгоритмҳои зеҳни сунъӣ, баландшавии нишондиҳандаҳои IOPS ва камшавии таъхир барои коркарди муомилот, афзоиши суръати таҳлили додаҳо ва иҷрои дархостҳо. Бо имконияти сканкунии додаҳо ҳам дар флеш-хотира ва ҳам дар XRMEM (Exadata RDMA Memory), Exadata X11M ба сатҳи рекордии маҷрои додаҳо ноил мегардад. Ҳамзамон, Exadata X11M бо ҳамон нархи насли қаблӣ пешниҳод мешавад, ки ба мизоҷон имкон медиҳад хароҷотро коҳиш дода, сарбории бештарро дар платформаи ҳамон ҳаҷм идора намоянд.

Пешрафтҳои калидии амалиети Exadata X11M дар муқоиса бо платформаи қаблӣ чунинанд:

  • • Ҷустуҷӯи векторӣ бо индекси IVF (Indexed Vector Search) то 55 % тезтар, бо интиқоли автоматии додаҳо ба нигаҳдории интеллектуалии Exadata. Ҷустуҷӯи HNSW (Hierarchical Navigable Small World) дар хотира 43 % зудтар иҷро мешавад. Инчунин, филтркунии додаҳо 4,7 маротиба тезтар, ва иҷрои дархостҳо ҳангоми ҷустуҷӯи векторҳои бинарӣ 32 маротиба самараноктар шудааст. Ин такмилҳо ба мизоҷон имкон медиҳанд, ки ҷустуҷӯи вектории мураккабро зудтар иҷро карда, дақиқӣ ва эътимоднокии моделҳои генеративии AI-ро баланд бардоранд, ҳамзамон хароҷоти умумиро коҳиш диҳанд.
  • • То 25 % суръати бештар дар коркарди пайдарпайи муомилот. То 25 % афзоиши паҳнои маҷрои ҳамзамони транзаксияҳо. То 21 % коҳиши таъхири хониши SQL 8K I/O, ки ҳоло ҳамагӣ 14 микросония аст. Ин такмилҳо имкон медиҳанд, ки транзаксияҳои бештар бо истифода аз захираҳои камтари пойгоҳи додаҳоиҷро шаванд, ки самаранокии умумиро баланд мебардорад.
  • • Exadata X11M то 25 % суръати баландтари коркарди дархостҳои таҳлилӣ, то 2,2 маротиба афзоиши суръати воридот-барориши таҳлилӣ дар серверҳои нигоҳдорӣ ва баланд шудани суръати сканкунии пойгоҳи додаҳо дар хотира то 500 ГБ/с-ро таъмин мекунад. Дар якҷоягӣ бо дигар навовариҳои Exadata, ин такмилҳо имкон медиҳанд таҳлили додаҳои транзаксионӣ дар вақти воқеӣ иҷро гардида, хазинаҳои додаҳо аз терабайт то петабайт зудтар скан карда шаванд, то маълумоти муҳим барои қабули қарорҳои стратегӣ дастрас гардад.

Платформаи нав инчунин мусоидат менамояд, ки истеъмоли энергия ва хароҷотро бо чаҳор роҳ ба таври назаррас кам кунад. Аввалан, самаранокии баландтари Exadata X11M ба мизоҷон имкон медиҳад, ки сарбориҳои пойгоҳи додаҳоро бо миқдори камтари системаҳо иҷро кунанд, ки ин дар навбати худ барои сарфаи инфрасохтор, нерӯи барқ, хунуккунӣ ва майдони марказҳои коркарди додаҳо кӯмак мекунад. Дуюм, Exadata X11M самаранокии истифодаи захираҳоро баланд мекунад, ки имкон медиҳад мизоҷон сарбориҳои бештарро дар системаи хурдтар ҷамъ кунанд. Сеюм, идоракунии интеллектуалии нерӯ, ки дар Exadata X11M дароварда шудааст, кӯмак мекунад, ки масъалаҳои самаранокии энергия ва экологиро ҳал кунад, бо имконияти хомӯш кардани ядроҳои нолозим, маҳдуд кардани истеъмоли барқ ва оптимизатсия кардани истифодаи энергия дар давраҳои пасти бор. Ва охирин, мизоҷон метавонанд аз автоматизатсияи дохилии Oracle Autonomous Database истифода баранд, ки ери медиҳад, вазифаҳои дастии идоракунии пойгоҳи додаҳо ва хатоҳои инсонӣро бартараф созад.

Exadata X11M метавонад маҳаллӣ ё бо кӯмаки Exadata Database Service ва Autonomous Database дар Exadata Cloud@Customer, Oracle Cloud Infrastructure (OCI) ва муҳити бисёроблачӣ насб карда шавад. Мизоҷон ба ҳамон пойгоҳи додаи Oracle ва имкониятҳое, ки дар ҳамон архитектураи Exadata дар ҳамаи ин муҳитҳо кор мекунанд, дастрасӣ доранд. Oracle Database байни насбҳо мувофиқ аст, ки ба мизоҷон имкон медиҳад, ки сарбориҳои худро дар ҷойе, ки лозим аст, бе тағйирот дар барномаҳояшон иҷро кунанд.

Дар муҳити бисёроблачӣ, Oracle Database дар Exadata X11M дар марказҳои коркарди додаи OCI, AWS, Google Cloud ва Microsoft Azure кор хоҳад кард. Дар чунин ҳолат, мизоҷон ба ҳамаи имкониятҳои Oracle Database, аз ҷумла Oracle Real Application Clusters, ки миёни давраи хомӯшӣ ва нотамомии барномаҳо барои мащтабпазирӣ ва дастрасии баланд кӯмак мекунад, дастрасӣ пайдо мекунанд. Ғайр аз ин, мизоҷон метавонанд барномаҳои худ, моделҳои AI ё воситаҳои таҳлилӣ дар AWS, Google Cloud ё Microsoft Azure бо додаҳои худ дар пойгоҳи додаҳои Oracle, ки бо пайвастшавии шабакаи бо таъхири паст дастгирӣ мешаванд, муттаҳид кунанд.

Маълумоти муфассал оиди бадастории Exadata X11M ва инчунин дигар қарорҳои Oracle тавассути тамос ба почтаи электронии office@muk.tj дастрас аст.

© 2008-2025 MUK. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд.