Ахбор
2024-03-15
EnGenius қарори нави бесими берунии фарохмаҷро барои такмил додани барномаҳои саноатӣ ва барномаҳои “шаҳраки оқил”- ро оғоз мекунад
Ширкати EnGenius сиссилаи нави дастгоҳҳои фарохмаҷи EOC655 бо системаи боэътимоди идоракунии шабака – SkyPoint пешниҳод намуд. EnGenius EOC имкониятҳои пайвастгавӣро дар шаҳракҳои оқил ва муҳити саноатӣ бо қарори пешрафтаи “нуқта ба нуқта” ва “ нуқта ба бисёрнуқта табдил медиҳад. Хатти нави таҷҳизот дорои радиомодулҳои дугона дар басомадҳои 5 ГГц ва 6 ГГц кор мекунанд ва бо NMS дарунсохт барои осонии ҷойгиркунӣ ва функсияҳои олӣ пешбинӣ шудаанд. Осонии ҷойгиркунӣ тавассути барномаи мобилӣ таъмин карда мешавад, ки ниёз ба мутахассисони бесимро аз байн мебарад.
Силсилаи EnGenius EOC як қарори аъло барои ҷойгиркунии бесими берунӣ мебошад, ки системахои сими анъанавию гаронбахоро иваз мекунад ва бо назорати радиои 2,4 ГГц ва замимаи мобилии кулай мучаххаз шудааст. Ин тасҳеҳ ва танзими мавҷгириро содда карда, вақтро ба таври назаррас коҳиш медиҳад ва хатогиҳоро кам мекунад.
Силсила барои ҳалли мушкилоти умумӣ, ва вобаста ба кор ва устуворӣ дар минтақаҳое, ки басомади радио хеле баланд доранд пешбинӣ шудааст. Дастгоҳҳо бо ду модули радиои 5 ГГц бо иқтидори канали 2 Гбит / сония муҷаҳҳаз шудаанд, ки дахолати шабака ва нокомии синхронизатсияро бартараф мекунад. Таҷҳизот инчунин дорои идоракунии оқилонаи RF ва QoS барои таъмини иҷрои беҳтарин ва афзалияти самараноки трафик мебошад. Он устувории шабакаро тавассути идоракунии пешрафтаи радиобасомадҳо ва ошкорсозии ноқисҳои барқ беҳтар мекунад, ва кори боэътимодро дар минтақаҳои пурборкунандаи дастгоҳҳои бесим ва дар шароити мушкилоти эҳтимолии истеъмоли нерӯ таъмин мекунад.
Дастгоҳҳои EnGenius EOC дорои бандарҳои дугонаи Gigabit Ethernet ва дастгирии GPS мебошанд, ки ҳалли мушкилотро соддатар карда қобилияти харитасозӣ ва ташхисро беҳтар менамояд. Таҷҳизот бо барномаҳои SkyConnect ва SkyPoint NMS барои мониторинги пурраи вазъияти шабака ва идоракунии захираҳо меояд. Силсилаи мазкур инчунин дорои қобилиятҳои пешрафтаи дараҷаи 2, аз қабили дастгирии VLAN, технологияи Q-in-Q ва филтркунии чандрасонаӣ ва пахшкунонии васеъ, ки онро барои провайдерҳои шабакаи интернет дар муҳити хидматрасонии бисёриҷорӣ интихоби беҳтарин месозад.
Хусусиятҳо ва афзалиятҳои асосии хати нав:
• Насби осони шабака тавассути замимаи мобилӣ барои конфигуратсияи ва ташхиси антенна дар вақти воқеӣ.
• Афзоиши интиқоли шабака: Радиомодулҳои дугона 5 ГГц иқтидори пайванди 2 Гбит / сонияро таъмин намуда, то 16 нуқтаи дурдастро дар конфигуратсияи аз “нуқта ба чанд нуқта” пайваст мекунанд, ки барои шабакаҳои калонҳаҷм беҳтаринанд.
• Тавассути оптимизатсияи идоракунии радиобасомадҳо, шабака ба шароити тағйирёбанда мутобиқ мешавад, то иҷрои аълоро нигоҳ дорад.
• Суръатбахшидан ба бакрқрорсозии пас аз офат бо огоҳии қатъшавӣ, ки ба шумо имкон медиҳанд, ки дастгоҳҳои алоҳидаеро, ки бо мушкилоти барқ дучор мешаванд, ҷудо намоед.
• Меъёри интиқоли мутобиқшавӣ ва интихоби автоматии канал барои истифодаи самараноки фарохмаҷ.
• идоракунии мутамаркази шабака тавассути SkyPoint NMS ва қобилияти ворид кардани тағирот “дар ҷунбиш” бо истифода аз замимаи SkyConnect.
• Бо хусусиятҳои пешрафтаи Layer 2, самаранокии хидматрасонии бисёриҷорадоронро беҳтар намуда, ва идоракунии бехатар ва самараноки трафики шабакаро таъмин мекунанд.
• Муддати зиёди хизматрасонй дар шароити вазнин,ба туфайли корпуси муҳофизати IP67 ва муҳофизат аз шиддат.
• Бехатар интиқоли додаҳо бо истифода аз рамзгузории AES-256.
Инчунин бояд қайд кард, ки EnGenius якчанд моделҳои силсилаи EOC655-ро бо антеннаҳои дарунсохти панелӣ ва секторӣ, инчунин қобилияти пайваст кардани мавҷгирҳои беруна барои чандирии бештар оғоз мекунад.
Маълумоти муфассал оиди силсилаи нави EOC655, ва қарорҳои дигари EnGenius тавассути тамос ба почтаи электронии office@muk.tj дастрас аст.