Ахбор
2024-06-06
Palo Alto Networks ҳамчун пешсаф дар Gartner Magic Quadrant оид ба Security Service Edge дар соли 2024 эътироф гардид
Ширкат ба таҷдиди манзараи амнияти иттилоотӣро тавассути платформаи Prisma Access идома дода, ки он меъмории ҳамаҷонибаи Zero Trust буда, ба созмонҳо дар мубориза бо мушкилотҳои муҳити паҳншудаи абрӣ имконият медиҳад. Имсол Palo Alto Networks барои хусусиятҳои функсионалии қарорҳои худ эътироф карда шуд, аз ҷумла:
• Идоракунии ягонаи амният – Prisma Access ба таври бефосила бо системаҳои мавҷуда ҳамгиро мешавад, то амнияти ба абр асосёфта ва ҳифзи пайваста барои дастгоҳҳои идорашаванда ва идоранашавандаро таъмин кунад. Платформаи SASE идоракунии амниятро содда мекунад ва миқёси инфрасохтори рақамии созмонро ба осонӣ васеъ менамояд.
• Муҳофизати мукаммал тавассути зеҳни сунъӣ - Prisma Access технологияи пешрафтаи AI-ро барои ба таври динамикӣ муҳофизат кардани маълумот истифода мебарад ва имконоти назорати амнияти иттилоотии ҳассосро дар муҳитҳои сершумори шабака медиҳад.
• Намоиш ва назорати мукаммал - Access Prisma имконияти ба даст овардани маълумот дар бораи муносибатҳои корбарон ва барномаҳоро дар вақти воқеӣ медиҳад. Таҳлилҳои мураккаб монеаҳои корро зуд муайян ва бартараф намуда, самаранокии амалиётиро беҳтар мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Palo Alto Networks соли дуюм дар сегменти SSE унвони пешсафро сазовор мегардад.
Барои маълумоти муфассал оиди бадастории Prisma Access ва қарорҳои дигари Palo Alto Networks тавассути почтаи электронии office@muk.tj тамос гиред.