Ахбор
2023-10-31
Ширкати Oracle оиди пешкашии платформаи насли нав Exadata Database Machine — Oracle Exadata X10M эълон намуд
Exadata X10M барои ҳама сарбории кории пойгоҳи додаҳо иҷрои беҳамто, дастрасӣ ва миқёспазириро таъмин мекунад. Бо ҳамон нархе, ки насли қаблӣ буд, Exadata X10M барои тиҷорати калон ва хурд қобилият ва арзиши назаррасро фароҳам меорад.
Версияи нави Exadata дорои протсессори насли чоруми AMD EPYC мебошад ва беҳбудиҳои назарраси иҷроишро бо интиқоли транзаксия то 3 маротиба тезтар ва дархостҳои таҳлилии то 3,6 маротиба босуръат дар серверҳои пойгоҳи додаҳо пешниҳод мекунад. Бо шарофати X10M, серверҳои нигаҳдории дорои иқтидори баланд акнун метавонанд 22% бештар маълумотро нигоҳ доранд ва серверҳои Extreme Flash Storage акнун иқтидори системаҳои қаблиро 2,4 маротиба зиёдтар пешкаш мекунад. Серверҳои пойгоҳи додаҳо 50% хотираи бештарро дастгирӣ мекунанд, ки ин имконияти пойгоҳи додаҳои бештар ва сарбории бештари захираҳоро дар як система ҷойгир карданро медиҳад. Омезиши беҳтаршудаи иҷроиш бо афзоиши нигоҳдорӣ ва иқтидори хотира имкон медиҳад, ки сатҳи бештари муттаҳидсозии пойгоҳи додаҳо ва хароҷотро дар тамоми сарбории корӣ ба таври назаррас коҳиш диҳад. Зичии баландтари ҳисоббарорӣ ва нигоҳдорӣ, ки платформаи Exadata X10M пешниҳод мекунад, инчунин андозаи системаҳоеро, ки муштариён барои қонеъ кардани ниёзҳои онҳо талаб мекунанд - кам кардани хароҷоти маркази додаҳо барои таъмини қувваи барқ, хунуккунӣ ва изофаи ҷой ва баланд бардоштани таҳаммулпазирии хатогиҳоонхо коҳиш медиҳад.
Exadata X10M бо истифода аз навтарин протсессорҳо, технологияҳои шабакавӣ ва технологияҳои игоҳдории маълумот эҷод карда шудааст. Платформа як қатор оптимизатсияи системаи дастгоҳ, нармафзори Exadata ва пойгоҳи додаҳои Oracle барои иҷрои беҳамто ва арзиш барои коркарди транзаксияҳои онлайн (OLTP), таҳлил ва омӯзиши мошин (ML) ва сарбории кории омехтаро дар бар мегирад. Меъмории васеъшавии уфуқии Exadata дар якҷоягӣ бо имкониятҳои миқёспазирии протсессори насли 4-уми AMD EPYC, ба созмонҳо имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти идоракунии маълумотро дар абрҳои ҷамъиятӣ, абрҳои гибридӣ ва дар дохили бино ниёзҳои худро қонеъ гардонанд.
Платформаи Exadata X10M барои ҷойгиркунии маркази коркарди додаҳо Exadata Database Machine X10M ва Exadata Cloud@Customer X10M-ро дар бар мегирад. Exadata Cloud@Customer ҳамон меъморӣ, нармафзор ва инфрасохтореро, ки Exadata Database Machine истифода мебарад, ба анҷом мерасонад, ки ин имконоти амалкунонии хидматрасонии автоматии Oracle Exadata Database Service Oracle Cloud Infrastructure (OCI) ва пойгоҳи додаҳои комилан идорашавандаи мустақили Oracle дар марказҳои коркарди додаҳо барои баҳрабардорӣ аз автоматизатсия ва иқтисоди OCI медиҳад. Хидматрасонии пойгоҳи додаҳои Exadata ва пойгоҳи нигоҳдории маълумотҳои мустақил дар инфрасохтори Exadata Cloud кор мекунанд, ки аз ҷониби протсессори AMD EPYC дар OCI ба анҷом мерасад.
Бо иҷрои қавии OLTP, таҳлил ва ичунин афзоиши назарраси қобилиятҳои консолидатсионӣ, чоряк ҳиссаи пойгоҳи Exadata X10M дорои нархе, ки Exadata X9M мебошад – таносуби олии нарх ва сифат. Ва навгониҳои Exadata X10M дар муқоиса бо платформаи Exadata X9M хароҷоти инфрасохтор, идоракунии система ва пойгоҳи додаҳо ва масрафи нерӯи барқро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
OLTP-и баландсифат ва сарбории кории муосир ба монанди Интернет ашё (IoT), blockchain, бозӣҳо, савдои молиявӣ ва тиҷорати электронӣ, муҳаррики босуръаттарин дар Ҷаҳон пойгоҳи додаҳоро OLTP талаб мекунад, акнун он боз ҳам тезтар шудааст. Ҳар яке аз серверҳои пойгоҳи додаҳои Exadata X10M нисбат ба серверҳои пойгоҳи додаҳои Exadata X9M, дорои 3 маротиба зиёдтар ядро ва фарохмаҷрои хотираи 1 TB/с мебошад. Азбаски ҳар як ядрои сервери пойгоҳи додаҳо қодиранд, сарбории кории калонтари OLTP-ро нисбат ба эквивалентҳои насли қаблии худ идора мекунад ва муштариён метавонанд интиқоли умумии OLTP-ро то се маротиба зиёд намоянд.
Ҳар яке аз серверҳои нигаҳдории Exadata X10M дар як сония 2,8 миллион амалиёти воридотро таъмин мекунад, ки ин нисбат ба X9M 21% зиёд аст. Бо истифода аз DDR5 DRAM дар серверҳои нигаҳдории интеллектуалӣ, таъхири хондан барои хотираи Exadata RDMA (XRMEM) аз 19 микросония то 17 микросония сарф карда мешавад.
Сарбории кории таҳлил инчунин дастовардҳои назарраси иҷроишро таъмин мекунад. Exadata X10M шумораи ядроҳои протсессорро дар ҳар як сервери нигаҳдорӣ то 64 адад зиёд мекунад ва ҳангоми иҷрои дархостҳои таҳлилӣ параллелизми бештарро таъмин менамояд. Ҳаҷми интиқоли Smart Scan коркарди SQL-ро ба серверҳои нигаҳдории интеллектуалии Exadata бор мекунад, ки то 1 ТБ дар як сония дар як раф мерасад.
Муттаҳидсозии пойгоҳи додаҳо дар Exadata мураккабӣ ва хароҷоти марбут оид ба амаликунонии шумораи зиёди пойгоҳҳои маълумотро коҳиш медиҳад. Афзоиши шумораи ядроҳо ва хотира дар серверҳои пойгоҳи додаҳо, қобилияти флеш ва диски сахт ва ядроҳои коркарди SQL дар серверҳои нигаҳдорӣ маънои онро дорад, ки имконияти баамалсозии миқдори зиёди пойгоҳҳои додаҳоро, нисбат ба насли қаблӣ, дар инфрасохтори хурди Exadata ба анҷом расонад. Зичии баландтари муттаҳидшавӣ хароҷоти сармояро коҳиш, маъмуриятро содда ва самаранокии энергияро беҳтар мекунад, ки ин боиси самараноктар идора истифода бурдани парки пойгоҳи додаҳои Oracle мебошад.
Серверҳои пойгоҳи додаҳои Exadata X10M ду протсессори 96-ядроии насли чоруми AMD-ро истифода мебаранд, ин нисбат ба насли Exadata X9M то се маротиба зиёдтар шумораи ядроҳо ва иҷрои баландтар дар як ядроро таъмин мекунад. Андозаи хотира ва зичии ядроҳои CPU дар Exadata X10M барои қонеъ кардани талаботи муштариён барои эҳтиёҷоти пайваста афзояндаи муттаҳидсозии пойгоҳи додаҳо зиёд карда мешавад.
Конфигуратсияҳои хотираи зерин DDR5 DRAM бо андозаи 512 ГБ, 1,5 ТБ, 2,25 ТБ ва 3 ТБ барои ҳар як сервери пойгоҳи додаҳо дастрасанд. Маҷрои хотираи серверҳои пойгоҳи додаҳои Exadata X10M нисбат ба Exadata X9M 2,5 маротиба зиёдтар аст, ки амалиёти ҳассосро ба фарохмаҷрои хотира ба таври назаррас суръат мебахшад.
Нигоҳдорандаи маҳаллӣ дар серверҳои пойгоҳи додаҳо то ҳол аз ду SSD-накопители NVMe андозааш 3,84 ТБ дорои хусусияти васеъшавӣ то чаҳор диски андозаашон 3,84 ТБ, ки ҳамаашон “ивазшавии босуръат”ро дастгирӣ мекунанд, мебошад.
Exadata X10M гузаришро аз интерфейси PCIe 4 барои кортҳои шабакавӣ ба зудтарин интерфейси PCIe 5, ки дар айни замон дастрас аст, анҷом дод ва насли охирини RDMA-и ду-порти кортҳои шабакавии Converged Ethernet (RoCE) -ро барои баланд бардоштани қобилияти шабака истифода мебарад. Илова бар ин, X10M то панҷ картаҳои интерфейси шабакавии мизоҷро барои пайвастшавии чандир дастгирӣ менамояд.
Ҳар як сервери пуриқтидори нигоҳдории маълумоти Exadata X10M ду протсессори 32-ядрои AMD насли чаҳорумро истифода мебарад, ки ин шумораи ядроҳои сервери нигаҳдорӣ дар Exadata Database Machineро ду баробар зиёд мекунад ва шумораи ядроҳоро барои Exadata Cloud@Customer X10M нисбат ба X9M аз 24 то 32 зиёд мекунад. Андозаи хотира дар сатҳи нигоҳдорӣ то ба 1,5TB DD5 DRAM, нисбат ба 256 ГБ дар X9M ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Мисли сервери пойгоҳи додаҳои Exadata, интиқоли хотираи серверҳои нигаҳдорӣ тақрибан 2,5 маротиба меафзояд. Ҳар як сервери нигаҳдорӣ дорои чаҳор флеш-корти иҷроишаш оптимизатсияшуда, андозаи ҳар яки он то 6,8 TB мерасад. Инфрасохтори шабакавии RoCE ба ҳамон кортҳои дупортаи RoCE, ки дар сервери пойгоҳи додаҳо истифода бурда мешавад, интиқол мегардад.Иқтидори 12 hard disc аз 18 TB то 22 TB зиёд шудааст, ки дар натиҷа иқтидори умумии ҳар як сервери нигаҳдорӣ аз 216 TB то 264 TB афзоиш ёфт, ки нисбат ба X9M 22% зиёд аст.
Серверҳои Exadata X10M бо флэш-хотираи Extreme Flash Storage Server протсесси нигоҳдории маълумотро, тавассути чаҳор диски флеши 30,72 TB, ки иқтидори умумии нигаҳдории холиси 122,88 TB мебошад, ки аз X9M (51,2 TB) 2,4 маротиба калонтар аст ба дараҷаи нав мегузаронанд.
Мисли сервери X10M High Capacity Storage Server, бо чор корти флеши 6,8 TB, ки барои иҷроиш оптимизатсия шудаанд, ба кэши флеш пешбинӣ шудаанд. Серверҳои пойгоҳи додаҳо Extreme Flash Storage Server ба серверҳои нигаҳдории дорои иқтидори баланд шабоҳат доранд ва дорои протсессори 32-ядроии AMD насли чаҳорум хотираи такмилдодашуда ва кортҳои шабакавии ду порти RoCE мебошанд.
Серверҳои нигоҳдории Exadata X10M Extended аз протсессори нави 32-ядрогаи AMD-ии насли чаҳорум истифода мебаранд. Иқтидори хотира аз 96 то 128 ГБ зиёд гаштааст. Ба мисли серверҳои пойгоҳи додаҳо ва дигар серверҳои нигоҳдорӣ, инфрасохтори шабакавии RoCE Network Fabric кортҳои шабакавии ду-порти RoCE-ро истифода мебаранд. Иқтидории ҳар як 12 hard disc то 22 ТБ зиёд шудааст ва виқтидори умумии ҳар як сервери нигаҳдорӣ ба 264 TB рост меояд, дар муқоиса бо 18 TB ҳар як ва 216 ТБ барои як сервери нигаҳдорӣ дар X9M, яъне 22% афзоиш ёфтааст.
Конфигуратсияҳои оғозёбии Exadata Storage Expansion Rack X10M серверҳои нави пуриқтидори Exadata X10M ва флэш-серверҳои Extreme-ро дастгирӣ мекунанд. Серверҳои иловагии дорои иқтидори баланд, Extreme Flash ва нигаҳдории пешрафта метавонанд ба рафҳои мавҷудаи тавсеаи нигаҳдории X8M, X9M ва X10M илова карда шаванд, ки ба муштариён имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти нигаҳдории худро барои қонеъ кардани ҷойгиркунии пойгоҳи додаҳо миқёси васеъ кунанд. Серверҳои нигаҳдории васеъшудаи Exadata X10M дорои протсессори нави 32 ядрогаи AMD-и насли чаҳорум мебошад. Андозаи хотира аз 96 то 128 ГБ васеъ шудааст. Мисли пойгоҳи додаҳо ва дигар серверҳои нигоҳдорӣ, инфрасохтори шабакавии RoCE NIC кортҳои шабакавии дупортаи RoCE-ро истифода мебаранд. Андозаи ҳар як 12 hard disc то 22 ТБ афзоиш ёфт, ки иқтидори умумии 264 ТБ барои як сервери нигаҳдорӣ, аз 18 ТБ ва 216 ТБ барои як сервери нигаҳдорӣ дар X9M, яъне 22% афзоиш ёфтааст.
Иқтидорӣ мувофиқи талабот (Capacity On Demand) дастрасӣ аз Exadata X4 оғоз ёфта бо Exadata X10M идома меёбад ва ин ба мизоҷон имкон медиҳад, ки шумораи литсензияҳои нармафзори пойгоҳи додаҳоро кам кунанд. Ҳангоми насби ҳар як сервери пойгоҳи додаҳо X10M бояд ҳадди аққал 14 ядро фаъол бошад. Oracle Exadata Deployment Assistant (OEDA) дар ҷараёни насбкунӣ CoD-ро амалӣ мекунад. Пас шумо метавонед бо мурури замон шумораи ядроҳои фаъолро зиёд кунед, зеро талабот ба захираҳои компютерӣ дар серверҳои пойгоҳи додаҳо меафзояд.
Oracle барномаи системавии Exadata 23.1 дар моҳи марти 2023 сол пешкашӣ намуда буд. Ба ғайр аз дастгирии дастгоҳҳои X10M, версияи ба Exadata якчанд хусусиятҳоро илова мекунад, аз ҷумла навсозии системаи амалиётӣ аз Oracle Linux 7 ва UEK 5 ба Oracle Linux 8 ва UEK 6.
Мизоҷон аз X10M сар карда, кэшкунонии сутуниро дар хотираи пойгоҳи нигоҳдории маълумот дар серверҳои нигоҳдории аз иқтидори то 25% самараноктар бо алгоритми фишурдани нав манфиат мегиранд. Ин оптимизатсия иқтидор ва самаранокии маълумоти сутунии дохили хотираро дар серверҳои нигаҳдорӣ зиёд мекунад.
Бо зиёд шудани ҳаҷми максималии хотира дар серверҳои пойгоҳи додаҳои X10M, ҳаҷми хотираи дастрас барои мошинҳои виртуалӣ меафзояд. Андозаи максималие, ки метавонад ба ВМ ҷудо карда шавад, 2,73 ТБ барои як сервери пойгоҳи додаҳо дар конфигуратсияи сервери 3 TB мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳеҷ гуна роҳи ҷудо кардани хотираи физикии зиёдатӣ вуҷуд надорад - ҳадди аққал барои ҳар як мошини виртуалӣ 16 ГБрост меояд. Exadata X10M то ҳол имкон медиҳад, ки тақсимкунонии 2-каратаи зиёдатии захираҳои виртуалии vCPU дар конфигуратсия бо андозаи хотираи зиёда аз 512 ГБ медиҳад, ки дар он иктидори талабот ғайрифаъол аст. Тавассути ду vCPU 96-ядро (як vCPU бар ҳар як ядро), дар Exadata X10M имконоти бадастории 760 vCPU (чаҳор vCPU, барои хост нигаронида) ки дар ҳар як сервери пойгоҳи додаҳо мавҷуд аст, дастрас мебошад.
Ба серверҳои пойгоҳи нигоҳдории маълумот ва пойгоҳ дастгириии идентикатсияи LDAP ва аутентификатсияи Kerberos илова шудааст. Ин ҳолати умумии амнияти Exadata-ро беҳтар мекунад ва, тавре ки аз ном бармеояд, функсияҳои мушаххас ва аутентификатсияи ҳисоби мудирро мутамарказ мекунад, мураккабии парол, куҳнашавӣ ва барқарорсозии расмиёти стандартиро мегардонад ва раванди фаъолсозӣ ва хомӯширо беҳтар мекунад.
Exadata RDMA Memory (XRMEM) дар серверҳои нигаҳдории Exadata X10M ҳамчун суръатбахши хониши умумӣ истифода мешавад. XRMEM Data Accelerator як қабати кэши хотираи пеш аз Flash Cache мебошад, ки таъхирро ҳангоми дастрасии маълумоти дурдасти захирашуда бо фармоишҳои бузург коҳиш медиҳад. Бо истифода аз RDMA барои дастрасии дурдасти хотира, XRMEM Data Accelerator шабака ва стеки воридот ва баромадро давр зада, қатъҳои гаронарзиши CPU ва коммутаторҳои контекстро аз байн мебарад ва таъхирро беш аз 10 маротиба, аз 200 микросекунд то камтар аз 17 микросония коҳиш медиҳад. Интегратсияи беҳамтои Exadata байни серверҳои нигаҳдории Oracle ва серверҳои нигоҳдории Exadata ба таври худкор блокҳои гармтарини маълумотро байни буферӣ дар серверҳои пойгоҳи додаҳо ва XRMEM ва Flash Cache дар серверҳои нигаҳдорӣ ба таври худкор кэш мекунад. XRMEM – як дараҷаи муштараки нигаҳдорӣ дар тамоми гиреҳҳо мебошад, ки иҷрои маҷмӯии ин кэш метавонад аз ҷониби ҳама гуна мисоли пойгоҳи додаҳо дар ҳама гуна сервер ба таври динамикӣ истифода бурда шавад. XRMEM бартарии назаррас нисбат ба меъмории нигаҳдории таъиноти умумӣ мебошад, ки мубодилаи захираҳои хотира ва нигоҳдорӣ дар байни мисолҳои пойгоҳи додаҳоро пешгирӣ мекунад.
Нармафзори системаи Exadata Oracle Grid Infrastructure 19.15 ва навтарро, инчунин версияҳои базаи Oracle аз 11g то 19c -ро дастгирӣ мекунад. Exadata 23.1, аз ҷумла Oracle Linux 8 ва UEK 6, асоси оилаи Exadata X10M мебошад ва барои миқёспазирии истисноии системаҳои насли оянда асос ёфтааст.
Барои маълумоти муфассал оиди бадастории Exadata X10M ва инчунин қарорҳои дигари Oracle ба почтаи электронии office@muk.tj муроҷиат намоед.